Ҳалокати се сокини Тоҷикистон дар як садамаи мошин дар вилояти Уляновски Русия
Чоп шуд: 24/07/2025 | redaktor
Бино ба гузориши Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Федератсияи Русия 23 – уми июли соли 2025, соати 05:40 дақиқа дар километри 254-уми шоҳроҳи М-5 "Урал" - роҳи даромадгоҳи шаҳраки Тереенгул, вилояти Уляновски Федератсияи Русия садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст.
Манбаъ хабар додааст, ки микроавтобуси Н-1, рақами қайди давлатиаш Е 655 ТК 777 ва мошини боркаши Камаз рақами давлатиаш K 649 TH 05, ки дар канори роҳ меистод,