Машқи тактикӣ дар бозори марказии шаҳри Хоруғ

Дар асоси Нақшаи ҳамкорӣ байни  Шуъбаи хадамоти давлатии оташнишонии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ВМКБ, бо мақсади санҷиши омодабоши ҳайати шахсии Шуъбаи хадамоти давлатии оташнишонии ВМКБ ва хадамотҳои монанд, бахусус Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати вилоят, Шуъбаи ёрии таъҷилии шаҳри Хоруғ ва наҷотдиҳандагони касбии Агентии Оғо Хон оид ба макони зист дар ВМКБ рӯзи 13 феврали соли 2025 дар бозори марказии шаҳри Хоруғ машқи тактикӣ дар мавзӯи “Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои ШХДО-и ВМКБ

Ҷасорат ва наҷот. Ғаввосони Раёсати КҲФ ҳам ғарқшударо наҷот доданд, ҳам наҷотдиҳандаи ӯро

Ин ҳодиса 7-уми феврали соли равон дар шаҳри Хуҷанд рух дод. Ба Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар расид, ки як нафар ба қасди худкушӣ аз пули мошингузари шаҳр худро ба дарёи Сир ҳаво додааст 

Наҷотдиҳандагон фаврӣ ба ҷойи ҳодиса расиданд ва диданд, ки дар оби пуршӯр ду нафар талош доранд ба соҳил расанд, вале наметавонанд. 

Тамрини мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Нақшаи чоарбиниҳои асосии Раёсат оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2025 бо мақсади баланд бардоштани савияи донишу малакаи ҳайати роҳбарикунанда, коргарону хидматчиён, такмили малакаи мустақилона амал намудани онҳо дар ҳолатҳои фавқулодда дар Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Қолинҳои Қайроққум”-и шаҳри Гулистон рӯзи 7 – уми феврали соли 2025дар  мавзӯи «Амали ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳо ҳангоми ру

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз барфу борони рӯзҳои оянда!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон аз 8-ум то 10-уми феврали соли равон  дар баъзе навоҳи кишвар бориши боронҳои пуршиддат ба барф табдил мешавад.

Ин манбаъ боридани барфи шадидро бахусус дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ пешбинӣ мекунад. 

Баргузории дидору мулоқот дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Кумита бо мақсади эътино, пешгирӣ ва маълумотнокии аҳолӣ, коҳиши ҳаҷми хатар, ҳисорот ва талафоти шаҳрвандони кишвар аз офатҳои табиӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Гулистон, Истиқлол, Исфара, Хуҷанд, Истаравшан, Айнӣ, Шаҳристон, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Зафаробод, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ ва Куҳистони Мастчоҳ бо аҳолии дар минтақаҳои хавфнок истиқоматдошта корҳои таблиғотӣ гузаронд.

Страницы