Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз хатари тарма

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти боду ҳавошиносон  аз 21-ум то 23 марти соли 2017 дар қаламрави Тоҷикистон обу ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст, дар баъзе минтақаҳо боришҳои пуршиддат пешбинӣ мешавад. Дар водиҳо боронҳои пуршиддат ва дар маҳалҳои куҳӣ барфи тар меборад.

Рустам Назарзода ва Хидеки Танабе аз таҳкими ҳамкориҳо оид ба коҳиши хатари офатҳо дар Тоҷикистон суҳбат карданд

Дар Кумита ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти дуҷонибаи Раиси кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо Сарвари тозатаъини Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон дар Тоҷикистон (JICA) ҷаноби Хидеки Танабе баргузор шуд.
Сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҷаноби Танаберо ба муносибати таъин шуданаш ба ин вазифа муборакбод кард

Тамринҳои мудофиаи гражданӣ дар Ваҳдат

Тамрини “Омодагии мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, корхонаҳо ва ташкилотҳо, неруҳо ва воситаҳои онҳо ҷиҳати вокуниш ба ҳолатҳои фавқулоддаи мавсими баҳорӣ” диққати сокинони рустои Чӯянгарони ноҳияи Ваҳдатро як бори дигар ба мушкили эҳтимолии сел дар минтақа ҷалб кард.
Деҳаи Чӯянгарони ноҳияи Ваҳдат, ки дар соҳили дарёи Кофарниҳон ҷойгир аст, як минтақаест, ки баҳорон бештар ба

Баррасии тарҳҳои муштараки нави ҳамкорӣ миёни КҲФ ва горди миллии Иёлоти Вирҷонияи ИМА

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Тоҷикистонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, бахусус дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда дастгирӣ мекунад.
15-уми марти соли равон дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо ҳайати ИМА бо сарварии сардори

Страницы