Рӯзӣ 9 октябри соли ҷорӣ дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумита чорабинии бахшида ба “Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ-13 октябр” “Рӯзи дарҳои боз” гузаронида шуд, ки дар он аз роҳбарият, муовини раиси Кумита генерал-майор Сулаймон Исозода, намояндагони дастгоҳи марказӣ, сохторҳои дахлдори Кумита, шарикони рушд ва як қатор ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок доштанд.
Зикр бомаврид аст, ки ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои гуногун дар доираи Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳо ба ҳукми анъана даромада, давоми як моҳ дар шаҳру ноҳияҳо озмуну мусобиқаҳо ва маҳфилу ҳамоишҳо байни аҳолӣ ва хусусан ҷавонону наврасон гузаронида шуда истодааст.
Шиори "Пурзӯр намудани вазифаи насли ҷавон барои ояндаи устувор", ки имсол аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид ба хотири Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ қабул гардидааст, моро водор месозад, ки корҳои пешгирикунандаро боз ҳам тақвият бахшида, имкониятҳоро самаранок истифода барем ва насли ҷавонро ба ин корҳо ҷалб намуда, заминаҳои рушди шахсиро пурзӯр намоем.
Бояд қайд намуд, ки ҳамасола дар натиҷаи офатҳои табиӣ ба иқтисодиёти кишвар зарари молиявии зиёд расида, ба зиндагии осоиштаи мардум таъсири манфӣ мерасонад ва аз ҳама муҳимаш ҷони чандин нафарро мебарад.
Заминҷунбиҳои солҳои ахир, махсусан дар Туркия ва Сурия дар соли 2023, дар Ҷопон ва давлатҳои Осиё моҳи январи соли 2024 ҳар як кадоми моро водор месозад, ки нисбати масъалаи мазкур бетараф набуда, барои ҳарчи кам кардани таъсири он ба аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар, оқибатҳои харобиовари он ба иншооту биноҳо чораҳои зарурӣ андешем.
Дар доираи Барномаи қолабии Сендай, оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ, ки моҳи марти соли 2015 қабул гардида, солҳои 2015-2030-ро дар бар мегирад, роҳҳои мушаххаси коҳиш додани таъсири ҳамагуна офатҳо пешбинӣ гардидааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷроиши Барномаи мазкур, яъне Барномаи қолабии Сендай Стратегияи миллии паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2034- ро таҳия ва қабул намуд, ки механизми амалигардонии он дар Барномаи миёнамуҳлати давлатии ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода барои солҳои 2023-2028 ба таври возеҳ дарҷ карда шудаанд.
Дар доираи нақшаи мазкур соли 2024 дар кишвар корҳои зиёде ҷиҳати паст кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ ба анҷом расонида шуд.
Аз тарафи мутахассисони Кумита замимаи мобилии SOS барои расонидани маълумот ва кумакҳои методӣ ба аҳолии кишвар ҳангоми ба ҳолатҳои ногувор гирифтор гаштан, аз ҷумла заминларза таҳия гаштааст, ки шаҳрвандон метавонанд тариқи телефони мобилии худ ба суолҳои худ посухҳои заруриро дастрас кунанд.
Дар доираи ташаббусҳои ҳарсола ба муносибати Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳо (13 октябр) баргузории чорабиниҳои муштарак бо ташкилотҳои байналмилалӣ дар макотибу муассисаҳои бачагонаи шаҳр доир ба баланд бардоштани огоҳии шаҳрвандон дар мавриди офатҳои гуногуни табиӣ мусоидат мекунад.
Рӯзи 10 октябри соли ҷорӣ Мизи гирд бо донишҷуёни макотиби олии кишвар, ки дар риштаҳои илмҳои табиӣ таҳсил менамоянд, баргузор карда шуд.
Дар ҷараёни ин нишаст атрофи тадбирҳои коҳиши хатари офатҳо суҳбати гарм доир шуд.
Бояд қайд намуд, ки силсилачорабиниҳо то охири ҳафта идома ёфта, дар шаҳру ноҳияҳои кишвар бо ҷалби хонандагон ва донишҷӯён машқу тамринҳо ва озмуну мусобиқаҳо баргузор карда мешаванд.