Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар

Чандин тан аз ҷумлаи кормандон ва хизматчиёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ соҳиби ҷоизаҳо ва ифтихорномаҳо шуданд. 23-уми феврали соли 2017 дар Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусалаҳи кишвар ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.  Ҷонишини Раиси Кумита, полковник  Муњаммадҷон Салимзода

Устодони британиёӣ кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаро омӯзиш медиҳанд

Аввалин дарсҳои омӯзишӣ барои наҷотдиҳандагон бо ширкати устодони британиёии вокунишҳо ба ҳолатҳои фавқулодда дар Маркази таълимии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда оғоз шуданд. Бо мақсади ҳамкориҳо дар масъалаҳои ташкил ва баргузории корҳои садамавӣ ва наҷот, ҳамчунин такмили ихтисос, бозомӯзии наҷотдиҳандагон ва мутахассисон оид ба корҳои садамавиву наҷот дар Маркази омӯзишӣ-методии Кумитаи

Озмуни беҳтарин тасвир оид ба ҳолатҳои фавқулодда миёни хонандагон

Дар як дарси омӯзишӣ хонандагони синфҳои ибтидоии мактаби миёнаи рақами 52-и шаҳри Душанбе оид ба ҳолатҳои фақулодда маълумот ҳосил карданд. Кормандони Марказӣ омӯзишӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таълимоти ҳамагонии рақами 52 шаҳри Душанбе бо хонандагони синфҳои 2-4 дарси омӯзишӣ бо усули бозӣ гузарониданд.

Ҳалокати як писарбачаи ноболиғ дар Сангвор бар асари лағзиши тарма

Бар асари лағзиши тарма дар рустои Роғи Дараи Калпи ноҳияи Сангвор як писарбачаи ноболиғ ба ҳалокат расидаву қурбонии дигаре ба қайд гирифта нашудааст. Гуруҳи корӣ бо сарварии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода, ки субҳи имрӯз ба маҳалли тармахези Сангвор рафта буд, баргашт. Дар ҳайати гуруҳи корӣ наҷотдиҳандагони

Аз бориши барфу лағзиши тарма ҳанӯз хатари ҳаракат дар роҳҳои муҳими кишвар бартараф нашудааст

Бориши бесобиқаи барф ва лағзиши тарма  роҳи мошинҳоро аз Душанбе ба самти Хуҷанд то ҳол баста нигоҳ медорад. Дар натиҷаи гузаронидани як силсила корҳо дар минтақаҳое, ки резиши санг ва лағзиши тарма муҷиби нобасомонӣ дар роҳҳо ва сабабгори қатъи ҳаракати мошинҳо шуда буд, роҳи Душанбе-Хоруғ тоза шуд ва корҳо дар самти Хоруғ-Мурғоб идома доранд.

Страницы