Офати табиӣ дар Исфара

16-уми майи соли равон дар натиҷаи боронҳои шадид дар қаламрави як қатор ҷамоатҳои ноҳияи Исфара сели бузург омад.
Бар асари ин 6 хона комилан ва 10 хонаи истиқоматии дигар қисман хароб шуд. Дар маҷмуъ аз ин сел дар рустоҳои гуногун 272 хонаи истиқоматӣ зарар диданд.
Ҳачунин ба хоҷагиҳои деҳқонӣ, роҳҳои мошингард ва системаи коммуникатсионии минтақа хисорати зиёд овард.

Се мулоқоти Раиси КҲФ бо сафирон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ

Рустам Назарзода, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи силсиламулоқотҳояш бо сафирон, намояндагони созмонҳои байналмилалии муқими Душанбе бо ҳайати Созмони кӯмакҳои башарии Корея “Ҳамзистии мусолиматомези байналмилалӣ” дар Тоҷикистон дидор кард.
Дар ҷараёни ин мулоқот масъалаҳои таҳияи дастури хониш барои мактаббачагон дар бораи он ки дар ҳалтҳои

Маркази фаъолиятҳои башардӯстонаи шоҳ Салмон бунёди Маркази омӯзишии КҲФ-ро кӯмаки молиявӣ мекунад

Маркази фаъолиятҳои башардӯстонаи шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ бунёди   Маркази омӯзишии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро кӯмали молӣ хоҳад кард.
Дар ин бора Аҳмад Ал-Байз, сарвари намояндагии Маркази ёдшуда дар суҳбат бо Раиси кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ Рустам Назарзода иттилоъ дод.

Наҷоти як сокини Суғд дар дарёи Сир

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофеиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд як марди 23-соларо, ки қариб ғарқ мешуд ва ба ҷонаш хатар таҳдид мекард, наҷот доданд.
Ин мард дар масофаи хеле дуртар аз соҳили Сир шино мекард ва ҳадди нерӯи худ барои бозгашт ба соҳилро ба ҳисоб нагирифта буд. Мавҷи дарё ӯро беш аз ҳад хафа мекард ва маҷоли бозгашт ба соҳилро надошт.

Рустам Назарзода ва Стефанов Фотиу ҳамкориҳои муштаракро баррасӣ карданд

Дар чаҳорчӯби кори Симпозиумибайналмилалиисатҳи баланд оид ба ҳадафишашумирушдиустувор – “Таъминидастрасииҳамагонӣ ба об вабеҳдошт” Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Рустам Назарзода бо ҳайати Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ дар Осиёи Шимолӣ ва Марказӣ (ЭСКАТО)бо сарварии директори  он ҷаноби Стефанос  Фотиу мулоқот кард.

Страницы