Дар ним сол дар Тоҷикистон 51 ҳодисаи фавқулодда ба қайд гирифта шуд
Чоп шуд: 20/07/2017 | admin
Таҳлили натиҷаи фаъолияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва муодофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табиӣ нишон медиҳад, ки зарфи шаш моҳи соли 2017 дар қаламрави кишвар 51 ҳодисаи фавқулоддаи табиӣ рух додааст. Аз ҷумла, 15 ҳодиса лағзиши тарма, 17 мавриди резиши санг ва нуҳ ҳодисаи сели харобиавар.