Машғулияти омӯзишӣ бо кормандони Сарпрокуратураи ҳарбии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мудофиаи гражданӣ

Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши афсарону кормандон дар самти мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда дар мавзӯи «Амали ҳайати шахси ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда» кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сарпрокуратураи ҳарбии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати шахсии мақомоти мазкур машғулияти омӯзишӣ

Боздиди Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз қисмҳои ҳарбии Кумита воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ

Генерал-лейтенант Рустам Назарзода зимни боздидаш аз қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Рӯдакӣ ба шароити хизмати сарбозон ва ба вижа наваскарон аз наздик ошно шуд, ба сатҳи маълумот, вазъи оилавии наваскарон мароқ зоҳир кард ва аз командирон талаб намуд, ки ба рафторҳои ғайринизомномавӣ дар қисмњои ҳарбӣ роҳ надиҳанд ва аз зертобеъони худ риояи қатъии интизоми ҳарбиро талаб намоянд.

Баргузории ҷаласаи гурӯҳи коршиносони Платформаи миллӣ

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии гурӯҳи доимамалкунандаи таҳлилии Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ баргузор шуд.

Ҷаласа таҳти раисии сардори Раёсати Кумита, масъули котиботи Платформаи миллӣ полковник Ҷамшед Камолов гузашт. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда натиҷаи фаъолияти семоҳаи худро ҷамъбаст кард

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ҷаласаи коллегия оид ба ҷамъбасти натиҷаи фаъолият дар семоҳаи аввали соли 2018 баргузор шуд.

Дар ҷаласа роҳбарони сохторҳои дастгоҳи марказӣ, сарварони раёсатҳо, ҳамчунин фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ

Боронҳои шадиду раъду барқи рӯзҳои оянда: Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад!

Се рӯзи оянда дар кишвар ҳаво тағйир меёбад: боронҳои шадиду жола меборанд, эҳтимоли раъду барқ, тӯфонҳои ғуборолуд вуҷуд дорад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар ҳушдор медиҳад, ки хеле эҳтиёткор бошанд ва қоидаҳои бехатарии шахсиро риоя намоянд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди

Страницы