Се рӯзи оянда дар кишвар ҳаво тағйир меёбад: боронҳои шадиду жола меборанд, эҳтимоли раъду барқ, тӯфонҳои ғуборолуд вуҷуд дорад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар ҳушдор медиҳад, ки хеле эҳтиёткор бошанд ва қоидаҳои бехатарии шахсиро риоя намоянд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи иттилои Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон аз 15-ум то 20-уми апрели соли равон дар қаламрави мамлакат ҳарорати ҳаво тағйир меёбад.
Интизор меравад борони сахт борад, раъду барқ, жола (дар кӯҳҳо дар баландии 2500 метр аз сатҳи баҳр барфи тар) борад, боди шадид, ки дар як сония 15-20 метр мевазад.
Ҳангоми раъду барқ ва шамоли сахт эҳтимоли канда шудани хатҳои интиқоли барқ, шикастани дарахтон, зарар дидани боми хонаҳо, ба замин хӯрдани пояҳои суст насбшудаи иншоотҳо эҳтимол дорад.
Дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон тӯфон бо гарду ғубор меояд. Хатари аз раъду барқ зарар дидани одамон, болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо, дар роҳҳои кӯҳӣ омадани сел ва лағзиши тарма вуҷуд дорад.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки дар ҳоли бориши борону раъду барқ ва боди шадид, зери дарахтон, симчӯбҳо, пояҳои реклом худро пинҳон накунанд. Аз зери тирезаҳо низ дуртар бошанд. Ғайр аз ин ҳангоми борони шадид ва жола аз рафтан ба махзанҳои об, моҳидорӣ худдорӣ кунанд.
Ҳамчунин Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад қоидаҳои бехатарии шахсиро риоя намоянд. Аз рафтан ба куҳҳо, ҷамъоварии занбӯруғҳо ва дигар маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, ки дар манотиқи кӯҳӣ мерӯянд, низ худдорӣ кунанд.
Дар ҳоли хатар аз офатҳо бо телефони 112 ва ё ба қисми навбатдорӣ бо телефони 223 13 11 занг занед.
Рақами телефонҳои КҲФ дар шаҳри Душанбе: 225-44-73, 225-44-76, 225-44-90
Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон: (83222) 2-35-05, 2-78-28
Раёсати КҲФ дар ВМКБ: (83522) 2-40-57, 2-53-47
Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд: (83422) 6-58-72, 5-15-55