Дар заминларзаи Индонезия қариб сад нафар ҷони худро аз даст доданд
Чоп шуд: 07/08/2018 | adminДар ҷазираи Ломбоки Индонезия заминларзаи шадид қариб 100 нафарро ба ҳалокат расонд ва бештар аз 230 нафар бо ҷароҳатҳои гуногун бистарӣ шуданд. Аммо баъдан қувваи заминларза дар баъзе минтақа 7 балл эълон шуд. Бино ба гузориши “Интерфакс” қувваи заминларза дар маркази он 5,5 балл эълон шудааст ва мақомот гуфтаанд, ки ин ларзиши замин хеле шадид ва сахт буд.