Дар ҷазираи Ломбоки Индонезия заминларзаи шадид қариб 100 нафарро ба ҳалокат расонд ва бештар аз 230 нафар бо ҷароҳатҳои гуногун бистарӣ шуданд. Аммо баъдан қувваи заминларза дар баъзе минтақа 7 балл эълон шуд. Бино ба гузориши “Интерфакс” қувваи заминларза дар маркази он 5,5 балл эълон шудааст ва мақомот гуфтаанд, ки ин ларзиши замин хеле шадид ва сахт буд.
Ёдовар мешавем, ки охири моҳи июл бар асари заминларзаи шадид дар Индонезия бештар аз даҳ ҳазор нафар аз маконашон интиқол дода шуданд. Бино ба навиштаи Straits Times замин дар ҷазираи Ломбок сахттар ҷунбида буд.
Намояндаи Агентии миллии бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ Сутопо Пурво Нугрохо ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки қувваи ин заминларзаҳо дар баъзе манотиқ 7 баллро ташкил медод ва ба дунболи наздик ба сад ларзиши дигари замин ба қайд гирифта хоҳад шуд, ки қувваи он поинтар аз ин 7 балл аст.
Мақомот ҳамзамон бештар аз 1200 сайёҳонро ба макони амн интиқол додаанд ва мегӯянд ба ҷони онҳо хатар таҳдид намекунад.
Бар асари обхезие, ки ба дунболи ин заминларза дар минтақаи вулқони Ринджонӣ ба вуҷуд омад, 16 тан ҷони худро аз даст доданд.
Тавре хабар додем, Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:
“Ҷаноби Олӣ,
Хабари ҳузнангези бар асари силсилаи заминларзаҳои шадид дар кишвари Шумо ба ҳалокат расидану ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди шаҳрвандон ва харобиҳои зиёди моддӣ боиси андўҳи бузурги мо гардид.
Дар ин лаҳзаҳои барои мардуми дӯсти Индонезия сангин ҳамдардии амиқи ин ҷонибро ба пайвандон ва наздикони қурбониёни ин офати табиии фоҷеабор ирсол дошта, барои ҳамаи ҷароҳатбардоштагон шифои комил хоҳонам".