Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе-Чаноқ. Ронанда ва ду мусофири мошин ба ҳалокат расиданд
Чоп шуд: 15/02/2024 | redaktorНаҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон паёмадҳои як садамаи марговари мошин дар роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқро бартараф карданд.
Соати 97:10 дақиқаи рӯзи 14-уми феврали соли 2024 ба қисми навбатдории Кумита хабар расид, ки дар километри 123,8 роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, ки аз ҳудуди ноҳияи Айнии вилояти Суғд мегузарад, садамаи мошин рух дод.