Вохурӣ дар Кумита оид ба тарбияи ватандӯстӣ

Вохурӣ дар Кумита

Дар доираи амалишавии Қонуни ҶТ “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ва ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватандорӣ, пешгирӣ намудани раванди шомилшавии хизматчиёни ҳарбӣ ба ҳаргуна равияҳои экстремистӣ ва террористӣ, тарбияи онҳо дар рӯҳи худогоҳӣ ва хештаншиносӣ, инчунин талаботи Консепсияи сиёсати давлатии Тоҷикистон дар соҳаи дин, 12 феврали соли 2024 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ бо Хоҷамирзода Муслиҳиддин – мудири шуъбаи таҳсилоти динии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Муҳтавои суҳбат иборат буд аз мавзӯъҳои: “Консепсияи сиёсати давлатии Тоҷикистон дар соҳаи дин”, “Мақоми мазҳаби ҳанафӣ дар фазои динии ҷумҳурӣ”, “Ватандӯстӣ аз нигоҳи ислом”, ки мавриди омӯзишу баррасӣ, муҳокима ва музокирот қарор гирифт.

Ҳамзамон, М.Хоҷамирзода дар бораи зуҳуротҳои номатлуби аср – экстремизму терроризм суҳбат намуда, онро аз нигоҳи дини ислом шарҳу тафсир намуд.

Дар раванди ҷамъомади баргузоршуда, М.Хоҷамирзода бо зикри сиёсати сулҳҷӯёна, маъорифпарварона ва заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз Паёми имсолаи ироагардидаи Сарвари давлат ёдоварӣ намуд. Шарҳ дода шуд, ки ҳадафи асосии кишвари мо баланд бардоштани шароити иҷтимоии мардум ба шумор меравад.

Дар раванди суҳбат мавзӯъҳои танзими ҷашну маросим ва тарбияи фарзандон аз ҷониби волидайн, роҳҳои тарбияи онҳо ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо мавриди муҳокимаронӣ қарор гирифт.

Суханони М.Хоҷамирзода вобаста ба таъмини иҷрои Қонуни ҶТ “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, Консепсияи сиёсати давлатии Тоҷикистон дар соҳаи дин, оиди танзими расму оинҳо, гузаронидани тӯйю маъракаҳои камхароҷот, таълиму тарбияи фарзандон, эҳтироми падару модар аз ҷониби ҳозирин ниҳоят хуб қабул карда шуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ баъди саволу ҷавобҳо ва мубодилаи афкори тарафайн, муовини якуми Раиси Кумита полковник Латифзода Ҳ.Л. аз номи роҳбарият ва ҳайати шахсӣ ба М.Хоҷамирзода барои мулоқоти судманд изҳори сипос намуд.

барчасп: