Садамаи “Toyota Land Cruiser”бо кормандони Сафорати Ҳинд дар қаламрави ноҳияи Дарвоз
Чоп шуд: 17/10/2022 | adminРӯзи 16-уми октябри соли равон тахминан соати 17:00 аз садмаи мошин дар қаламрави ноҳияи Дарвози ВМКБ хабар дода шуд.
Дар километри 345-уми деҳаи Сангевни ҷамоати деҳоти Қалъаихуми ноҳияи Дарвоз автомашинаи тамғаи “Toyota Land Cruiser”, ки аз ҷониби як сокини 45-солаи шаҳри Душанбе идора мешуд, дучори садама шуд.