Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо дар шаҳру вилоятҳои кишвар

Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо

Дар доираи барномаҳои таҷлили Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо созмонҳои байналмилалие, ки дар ҳамин самт фаъолият мекунанд, як сислсила чорабиниҳо гузаронд. Ин тадбирҳо на танҳо дар пойтахти ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе, балки дар кулли марказҳои вилоятҳову шаҳрҳо ва ноҳияҳо роҳандозӣ шуданд.

Чунончӣ, дар шаҳрҳои ва ноҳияҳои вилояти Хатлон кормандони Раёсати Кумита ҳамроҳ бо намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва дар шаҳри Хоруғ кормандони Раёсати КҲФ дар ВМКБ бо созмони байналмилалии Агентии Оғохон оид ба муҳити зист аксияҳо баргузор карданд ва дастаи наҷотдиҳандагон як силсила барномаҳои наҷоти зарардидагонро аз селҳо, заминларзаҳо, тарма ва дигар офатҳо намоиш доданд.

Аз ҷониби имдодгарон ҳамчунин амалҳо ва ёриҳои аввалияи тиббӣ ба шахсони зарардида дар офатҳо нишон дода шуданд.

Ҳамчунин дар мактабҳо миёни хонандагон озмуни наққошиҳои беҳтарин дар мавзӯи коҳиши хатари офатҳо баргузор шуд, хонандагон бошанд бо ташкили саҳнаҳои ҷолиб диди худро дар мавриди офатҳои табиӣ намоиш доданд.

Ба ғолибон ва ширкаткунандагон фаъоли ин чорабиниҳо дипломҳо, сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуданд.

Ин гуна чораб иниҳо дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд низ гузаронида шуданд.

Мақсади асосии баргузории чунин чорабиниҳо тарғиби фарҳанги ҳаёти бехатар дар байни насли наврас, роҳандозии корҳои таблиғотӣ миёни аҳолӣ, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва бехатар буд.

барчасп: