69 ҳодисаи лағзиши тарма дар як шабонарӯз. Шумори куштагони тарма 17 нафар эълон шуд

Tarma

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар 69 ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Шумори қурбониёни тарма ба 17 нафар расид. Барф дар навоҳии кӯҳиии ВМКБ ба шиддат меборад. Хатари тарма ва резиши санг рафъ нашудааст. Роҳҳо аксаран бастаанд. Табиат бераҳмона зиндагии мардумро ба мушкил рӯбарӯ месозад.
Чунончӣ, 16 – уми феврали соли 2023 дар қаламрави

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Хатари тарма то 19-уми феврал боқӣ мемонад! ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон  аз 17 то 19-уми феврали соли 2023 бар асари ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудани анбӯҳи ҳавои намнок аз самти уқёнуси Атлантик ва баҳрҳои Миёназамин, Сиёҳ ва Хазар дар қаламрави мамлакат...

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо як ҳайат аз сохторҳои дигари давлатии кишвар ба ВМКБ рафт

Дар Хоруғ ва манотиқи дигар бар асари лағзиши тарма зарардида корҳои рафъи паёмадҳои он ба шиддати бештар идома дорад. Субҳи имрӯз бо супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расондани ёрии ҳамаҷониба ба оилаҳои зарардида ва бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ Комиссияи ҳукуматӣ бо роҳбарии раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода...

Шумори куштагони тарма дар қаламрави ҷумҳурӣ ба 17 нафар расид

Бино ба  тозатарин хабар ҷасади як духтари ҷавон аз зери тарма дар ноҳияи Шуғнон берун оварда шуд ва бо ин шумори ҳалокшудагон дар лағзиши тарма зарфи рӯзҳои охир ба 17 нафар расид.

13 нафар дар шаҳри Хоруғ ҷони худро аз даст доданд. 2 нафар дар ноҳияи Ванҷ, 1 нафар дар ноҳияи Шуғнон як нафар дар ноҳияи Варзоб зери тарма ҷон бохтанд.

Ҳамдардии Пешвои миллат ва таъсиси Комиссияи давлатӣ оид ба бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба офатҳои табиӣ, аз ҷумла фаромадани тарма дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки боиси талафоти ҷонӣ ва хисороти моддӣ гардид, ба пайвандону наздикони шахсони ҳалокшуда изҳори амиқи тасаллият карданд.

Страницы