Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ!

Дар таърихи давлату миллатҳои ҷаҳон рӯйдодҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки сарнавишт ва роҳи минбаъдаи онҳоро муайян мекунанд.

Чунин рӯйдоди муҳим дар таърихи давлатдории навини

Заминларзаи Сангвор. Талфоти ҷониву хисороти дигар нест

Мувофиқи маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 5 – уми ноябри соли 2024, соати 14:03 дақиқа бо вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази заминларза 158 километр шарқ аз шаҳри Душанбе, 15 километр шарқи ноҳияи Сангвор дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, қувваи заминларза дар марказаш 4 балл ва дар ноҳияи Сангвор 3 баллро ташкил додааст.

Тибқи маълумотҳои расиа ин заминларза талафоти ҷониву хисороти дигар надошт.

КҲФ аз боду борони рӯзҳои оянда ҳушдор медиҳад. ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар рӯзҳои 6-7 ноябри соли 2024 бар асари вуруди сардиҳо аз шимолу ғарб, дамои ҳаво тағйир меёбад, эҳтимоли боридани боронҳои шадид вуҷуд дорад. Дамои ҳаво дар водиҳо ва навоҳии наздикӯҳӣ то 7-9 дараҷа паст шуда, 6 ноябр вазиши шамоли сахт аз самти ғарб бо суръати 12-22 м/с ва гарду ғубор пешбинӣ шудааст.

Мулоқоти зиддикоррупсионӣ дар Раёсати КҲФ дар вилояти СУҒД

1 ноябри соли 2024 дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, капитани адлия Комрон Нуриддинзода дар бораи татбиқи «Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025» мулоқот баргузор шуд, ки дар он  роҳбарони шуъбаҳо ва бахшҳои Р

Заминларза дар Тоҷикистон. Марказ ноҳияи Мурғоб

Бино ба гузориши Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 1-уми ноябри соли равон соати 07:39 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази заминҷунбӣ 431 километр ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 49 километр шимолу ғарби ноҳияи Мурғоби ВМКБ буд.

Қувваи заминларза дар маркази он 3 балл ва дар қаламрави ноҳияи Мурғоб 2 баллро ташкил дод.

Талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар нест.

 

Страницы