Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 18-19-уми феврали соли равон хатари лағзиши тарма дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ, бахусус дар километрҳои 62-74-и ин роҳ боқӣ мемонад.
Дар ҳамин иртибот Кумита аз ронандагон ва шаҳрвандон бо эҳтиром хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо аз сафарҳои бидуни зарурат худдорӣ кунанд. Вале агар рафту сафар ногузир аст, пас қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя намоянд.
Қабл аз сафар ронандагон мошинҳои худро омода созанд. Ҳатман чархҳои тобистонаро бо зимистона иваз намоянд.
Ронадагон ба пайвандон ва хешу ақрабо ҳатман бигӯянд, ки сафар доранд. Ба онҳо хеле дақиқ расонанд, ки куҷо мехоҳанд раванд ва кай ба роҳ мебароянду қарор аст кай ба макони таъиншуда расанд.
Либоси гарм бо худ гиранд. Дорухқутии мошинро ҳатман бо доруҳои зарурӣ ва докаву спирту пахта барин воситаҳои дармониву кумаки аввалия пур кунанд.
Ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ қабл аз ҳар чизи дигар фосилаи байни мошинҳо бояд риоя шаванд.
Ронандагон суръати ҳаракатро боло набаранд.
Ба эълонҳои гӯш диҳанд ва агар хатари лағзиши тарма ҷиддист, пас хуб мешавад то рафъи хатар таваққуф кунанд.
Риояи муҳимтарин қоидаҳои ҳаракат гарави бехатариву амнияти худи шумост!