Наҷоти се кӯҳард, узви як оила дар кӯҳҳои ноҳияи Дӯстӣ

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз наҷоти 3 узви як оила хабар дод, ки дар кӯҳҳои ноҳияи Дӯстӣ раҳгум задаву илоҷи поин омадан надоштанд.

Рӯзи 14-уми феврали соли равон тахминан соати 20:43 дақиқ ба қисми навбатдорӣ хабар расид, ки се узви як оила аз деҳаи Энгелси ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолуддини Бахлӣ, ки аз 41 то 53 сол доштанд, сайру саёҳати кӯҳ рафтаву раҳгум задаанд.

Дар хабар гуфта мешавад, ки ин се нафар то 2300 метр ба кӯҳ боло шудаанд ва ҳоло роҳи поин омаданро намеёбанд.  

Бо дарёфти хабар имдодгарони бахши наҷоти Раёсат дастбакор шуданд. Онҳо ба маҳалле, ки гуфта мешуд ин кӯҳгардони ноозмуда қарор доранд, боло шуданд. 

Ҷустуҷӯ то нимишабӣ, соати 00:50 рӯзи 15-уми феврал идома дошт. Билохира ин се танро пайдо карданд ва саломат аз қулла ба поин оварданд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон бо эҳтиром хоҳиш мекунанд, агар дар дил ҳаваси кӯҳгардӣ доранд, пас масиреро интихоб кунанд, ки хуб медонанд.  

Рафтан ба он манотиқи кӯҳсор, ки бароятон ноошност, хатар дорад. 

Ҳамчунин кӯҳгардоне, ки бо қоидаҳои кӯҳгардӣ ошно нестанд, бояд аввал ин гуна қоидаҳороиёмӯзанд. 

 

барчасп: