Имдодгарон дар шаҳри Душанбе ду дари бастаи сокинонро боз карданд
Чоп шуд: 06/06/2022 | admin
Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боз кардани ду дари баста бо хоҳишу даъвати соҳибонашон дар пойтахти кишвар хабар дод.
Гуфта мешавад, ки рӯзи5-уми июн соати соати 14:50 дақиқа як сокини кӯчаиМайяковский бинои 79/2 ба қисми навбатдорӣ занг зада аз баста шудани дари манзилаш хабар додааст. Вай гуфтааст, ки ҳама талошҳоро кард, вале натавонист мустақилона дари хонаашро боз кунад.