Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави Тоҷикистон се ҳодисаи нохӯш дар махзанҳои об ба қайд гирифта шуд. Аз ҷумла, 28-уми июли соли 2022 соати 9:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба қисми навбатдории Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар бораи ғарқ шудани як нафар дар “Баҳри тоҷик” хабар расид.
Чун имдодгарон ба ҷойи ҳодиса расиданд, маълум гардид, ки шахси ғарқшуда як сокини 39-солаи шаҳри Душанбе будааст. Ғаввосони Раёсат ба ҷустуҷӯ оғоз карданд, вале натиҷа надод. Корҳои ҷустуҷӯи аз субҳи имрӯз аз сар гирифта шуданд.
Ҳодисаи дуюм дар қаламрави вилояти Хатлон рух дод. Хабар дода шуд, ки як сокини 16-солаи деҳаи Рӯдакии ҷамоати деҳоти Бохтариёни ноҳияи Кушониён ҳангоми чорвочаронӣ дар соҳили дарёи Вахш аз беэҳтиётӣ бар дарё сарнагун шуд ва ғарқ гардид.
Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумита дар Хатлон фавран ба ҷойи ҳодиса расиданд. То торикӣ ҷустанд, вале натиҷа ҳосил нашуд. Корҳои ҷустуҷӯӣ субҳи имрӯз дубора оғоз шуданд.
Ҳодисаи сеюм дар қаламрави шаҳри Душанбе рух дод. Хабар дода шуд, ки дар канали дериватсионӣ, ки дар қаламрави ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷойгир аст, дар ҷойе, ки эълони “Оббозӣ манъ аст!” гузшта шудааст, як сокини 15-солаи деҳаи Бӯстони ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлон ғарқ шудааст.
Ҷасади ин наврас ба зудӣ пайдо ва ба мақомоти дахлдор супурда шуд.
Чуоне аз хабарҳо дида мешавад, ду нафар аз миёни се ғарқшуда дар як рӯз ноболиғонанд. Яқинан ин ду нафар танҳо буданд ва касе аз калонсолон ҳамроҳашон набуд, то аз фоҷеа пешгирӣ шавад. Аз ин рӯ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рӯзҳои пеш аз волидон хоҳиш мекунад фарзандонашонро беназорат нагузоранд.