Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз лағзиши тарма ҳушдор медиҳад

лағзиши тарма

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмнони кишвар мерасонад, ки бино ба  маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 16-18-уми ноябри соли 2022 дар қисмати ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор эҳтимоли лағзиши тарма вуҷуд дорад.

Дар ҳамин иртибот КҲФ аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад

Дар Шаҳринав ҷаласаи Комиссияи ноҳиявии ҳолатҳои фавқулодда баргузор шуд

Бо мақсади татбиқи Нақшаи асосии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Шаҳринав таҳти раёсати раиси ноҳия ҷаласаи Комиссияи минтақавии ҳолатҳои фавқулодда баргузор гардид. Дар ҷаласа роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, ҷамоату маҳаллаҳои ноҳия иштирок доштанд.

Ҳалокати ронандаи «MUSSO» дар роҳи Душанбе-Чаноқ. Марги мармузи як соҳибхонаи 52-сола дар шаҳри Душанбе

Соати 10:05 дақиқаи рӯзи 10-уми ноябр аз як садамаи мошин дар роҳи Душанбе-Чаноқ хабар расид. Вақте наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса расиданд, маълум шуд, ки мошини тамғаи «MUSSO» , ки аз ҷониби як сокини 32-солаи шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд идора мешуд, ба ҷарии 300 метр сарозер шудааст.

Ин мошин аз шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Хуҷанд...

Мулоқот бо наваскарони қисмҳои ҳарбии КҲФ

Тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ, инчунин муаррифии дастовардҳо дар даврони Истиқлолияти давлатӣ дар се қисми низомии КҲФ бо даъватшавандагон ба даъвати тирамоҳӣ бо собиқадори Кумита генерал-майори...

КҲФ: Рӯзи 9-уми ноябр хатари омадани селҳо ва резиши санг боқӣ мемонад!

хатари омадани селҳо

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзи 9-уми ноябр бар асари идомаи боронҳои шадид дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон ва ноҳияи Дарвози ВМКБ хатари омадани селҳо ва резиши санг боқӣ мемонад. Ҳамчунин эҳтимоли

Страницы