Ҳушдор аз хабари омадани сел ва лағзиши тарма

омадани сел

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки рӯзҳои 17-18 декабри соли ҷорӣ дар кишвар ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст. Дар натиҷа афзоиши бориши барфу борон ва нармии ҳаво дар ноҳияҳои Ховалинг ва Муъминободи вилояти Хатлон, ҳамзамон дар ноҳияҳои Рашт, Сангвор ва ағбаи Чормағзаки ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ эҳтимоли омадани селҳо вуҷуд дорад.

Ин манбаъ ҳамчунин гуфтааст, ки дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ ва мавзеи Майхураи ноҳияи Варзоб хатари лағзиши тарма вуҷуд дорад. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳои тармахез худдорӣ кунанд.

Сокинон шикор, моҳидорӣ, ғунучини ҳезум ва ғайраро ба вақтҳои муносиби дигар вогузоранд. 

Бахусус ронандагон бояд хеле эҳтиёткор бошанд ва агар рафту сафар кардан барояшон ҳатмӣ шуд, кулли қоидаҳои бехатариро риоя намоянд, фосилаи ҳаракат мошинҳо ҳар қадар бештар бошад, ҳамон андоза амнияти шумо таъмин аст.

барчасп: