Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар ягон ҳодисаи фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ сабт нашудааст. Дирӯз ҷасади як духтари 18-сола, ки 27-уми июни соли ҷорӣ дар ғарқ шуда буд, дар қаламрави ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон пайдо карда шуд. Ҳамчунин имдодгарон дари бастаеро боз карданд, ки дар дохили хона ду кӯдаки хурдсол бе назорат монда буданд.
Ҷасади як духтари 18-соларо сокинони маҳаллӣ дар қаламрави деҳаи Кӯлободи ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсупова соати 10-и субҳ пайдо карданд. Ин ҷасад тахминан дар масофаи то 1000 метр аз ҷойи ҳодиса пайдо шуд.
Дар хабар гуфта мешавад, ки ин духтари ҷавон рӯзи 27-уми июни соли 2022 тахминан соатҳои 9:00 то 10:00 дақиқа дар шохоби рости канали магистралӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Гулсара Юсупова, деҳаи Гулдара-1-уми ноҳия ғарқ шуда буд.
Шаби гузашта, соати 21:50 дақиқа ба Қисми навбатдории КҲФ як сокини кӯчаи ба номи АҳмадДониш, хонаи 22 занг зад ва хабар дод, ки дар манзили истиқоматиаш маҳкам шудааст ва мустақилона наметавонад ба он ворид шавад.
Номбурда ҳамчунин гуфт, ки дар дохили хона ду кӯдаки 5-9-солаи ӯ танҳо мондаанд.
Дастаи имдодгарони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса расида, бо истифода аз таҷҳизоти махсус дарро боз карданд.
Тифлон солим буданд ва ба ҳеч кумаки равониву тиббӣ ниёз надоштанд.
Ҳамзамон кормандони КҲФ бо соҳиби хона ҳамсуҳбат шуданд ва хатарҳои эҳтимолии дар хона танҳо мондани кӯдаконро фаҳмонданд.
МАТОЛИБИ ҲАМСОН:
- ДАРҲОИ БАСТАВУ ТИФЛАКОНИ ТАНҲО ДАР ХОНА
- ЧАНД РӮЙДОДИ ШАБОНАРӮЗИ ГУЗАШТА. ТИФЛОНИ ТАНҲО ПАСИ ДАРҲОИ БАСТА. ВОЛИДОН ЧАРО ЭҲТИЁТ НАМЕКУНАНД?
- САГҲО ВА КӮДАКОН. ИШОРА БА ЧАНД ИШТИБОҲИ ВОЛИДОН
- ИМДОДГАРОН БОЗ ЯК ДАРИ БАСТАРО БОЗ КАРДАНД, КИ ДОХИЛИ ОН ТИФЛИ ЧОРСОЛА ТАНҲО МОНДА БУД. ДАР 6 МОҲ 96 ДАРИ БАСТАРО БОЗ КАРДАНД ВА 35 НАФАРРО НАҶОТ ДОДАНД
- ИМДОДГАРОНИ КУМИТА ТИФЛЕРО, КИ ПАСИ ДАРИ БАСТА ТАНҲО МОНДА БУД, НАҶОТ ДОДАНД. ЧАНД МАСЛИҲАТИ МУФИД БА ВОЛИДОН