Роҳандозии корҳои таблиғотиву соҳилбандӣ дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баҳри пешгирии ҳодисаҳои нохуш, коҳиши хатари офатҳои табиӣ як силсила корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва пешгирикунанда ба роҳ монда шудаанд ва корҳо дар ин самт идома доранд. Чунин чорабиниҳои мухталиф аз тарафи кормандони бахши Раёсати вилоят дар ноҳияи Шаҳристон дар ҳамкорӣ бо Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия бо ҷалби аҳолии деҳа ба роҳ монда шуданд. Корҳои соҳилбандӣ дар Шаҳристонсойи деҳаи Ободии ҷамоати деҳоти Бунҷикати ноҳия ташкил ва гузаронида шуд. Дар рафти ҳашари дастаҷамъона минтақаи осебпазири сой аз сангу рег, партовҳо тоза карда шуда, бо истифода аз сангҳои калонҳаҷм ва симтӯр соҳилбандӣ гардиданд. Дар чорабинии мазкур техникаҳои муҳандисии Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ ва хадамоти роҳи ноҳия ва 34 нафар сокинони деҳа ҷалб гардиданд.

Дар идомаи корҳои соҳилбандӣ аз ҷониби сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар ноҳияи Шаҳристон майор Хуршед Муродов якҷо бо Раиси ҷамоати деҳоти Бунҷикат Шавкат Хоҷиев, сардори минтақаи обрасонии ҷамоат Шероз Набизода, Икром Аброров, раиси кумитаи маҳаллаи ҷамоат бо фаъолони деҳаи Ободии ҷамоати деҳоти Бунҷикат вохӯрӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Дар рафти вохӯрӣ ба самъи иштирокдорон расонида шуд, ки барои пешгирӣ намудани офатҳои табиӣ дар давраи зимистонгузарониву баҳори соли 2021, пешгирӣ аз омадани сел, шамолҳои сахт, бехатарӣ аз сўхтор, яхобмонии дарахтон, шинонидани дарахтон дар шафати селроҳаҳо ва маҳдуд намудани сафарҳо дар давраи боришоти сахти борону барф тавсияҳо дода шуда, ҳамзамон, ба диққати раисони маҳаллаҳо расонида шуд, ки баҳри пешгирии ҳолатҳои фавқулодда бо аҳолии маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоат вохўриҳо гузаронида шавад ва марҳила ба марҳила ҳашарҳо ташкил карда шуда, корҳои соҳилбандӣ пурзӯр карда шаванд.

Инчунин майор Хуршед Муродов ба иштирокдорон дар ҳолатҳои фавқулоддае, ки дар ҳудуди ноҳия бештар ба қайд гирифта мешаванд, маълумот дода, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки дар байни сокинон, дар муассисаҳои таълимӣ, томактабӣ корҳои тариғиботиву ташвиқотӣ баҳри баланд бардоштани тафаккури сокинон дар самти омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда ба роҳ монда шуда, дар вохӯриҳо ҷиҳати риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодабарии таҷҳизотҳои газию барқӣ, оташдонҳо, тафдонҳои (бухориҳо) гармидиҳии оташӣ, заҳролудшавӣ аз гази карбонат (аҳолӣ дар ноҳия бештар аз ангиштсанг ва оташдонҳо истифода мебаранд) диққати ҳамаро ҷалб намуда, афзуд, ки бо хонандагон дар машғулиятҳои тарбиявӣ ва дигар маҷлисҳои гурўҳӣ мунтазам корҳои тарғиботӣ гузаронида шаванд.

Зикр гардид, ки пешгирии ҳолатҳои фавқулодда беҳтар аз бартарафсозии он, аз ин лиҳоз мо бояд якҷоя амал намуда, чорабиниҳои пешгирикунанда ҳашарҳои дастаҷамъона ба монанди тоза намудани селроҳаҳо, каналу ҷўйборҳо аз партову сангу шағал фаъолона ширкат варзем.

Вобаста минтақаи кўҳӣ будани ноҳия ҳангоми боришот ба минтақаҳои кўҳӣ барои ҷамъоварии ҳезум, гиёҳҳои шифобахш ва чаронидани чорвову шикор худсарона набароянд, зеро лағжиши санг омадани сел аз эҳтимол дур нест.

Раиси ҷамоати деҳоти Бунҷикат Шавкат Хоҷиев ба Роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таваҷҷуҳашон ба мушкилоти минтақа изҳори с ипос кард ва афзуд, ки фаъолон ва шахсони масъули ҷамоат кўшиш менамоянд, ки огоҳиномаву муроҷиатномаҳои Кумитаро риоя намуда, дар пешгирии ходисаҳои нохуш саҳми худро гузоранд.

 

Шоҳзодахон Бутавева,

сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсат,

лейтенанти калон