Дар ҷамоати шаҳраки Консойи шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, фаъолони шаҳрак, раисони маҳаллаҳо ва аҳолии ҷамоати мазкур мулоқот дар мавзӯи пешгирӣ ва огоҳонидани аҳолӣ аз офатҳои табиӣ баргузор шуд. Вохӯриро раиси ҷамоати шаҳраки Консой Амир Муҳабатов ифтитоҳ бахшид. Сипас сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон Ҳикматулло Амонов оид ба масъалаҳои пешгирӣ намудани офатҳои табиӣ, омодагии аҳолӣ ба давраи зимистонгузаронӣ, захира намудани маводи хӯрокворӣ, доруворӣ, сӯзишворӣ, ҳезум, ангишт, пешгирӣ аз омадани сел, шамолҳои сахт, бехатарӣ аз сӯхтор, самаранок истифода бурдани неруи барқ ва маҳдуд намудани сафарҳо дар давраи боришоти сахти борону барф суханронӣ намуд.
Зикр гардид, ки раисони маҳаллаҳо бояд фаъолияти худро боз ҳам дар ин самт пурзӯр намуда, баҳри пешгирии ҳолатҳои фавқулода бо аҳолии маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоат пайваста вохӯриҳо баргузор намоянд.
Пас аз мулоқот якҷоя бо аъзои ситоди шаҳрак аз вазъи кунунии мавзеъҳои хатарнок ва осебпазир боздид ба амал оварда, доир ба пурзӯр намудани кор дар ин сатм дастурҳои методӣ дода шуд.
Корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар ин самт дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоятиСуғд идома доранд.
Саймустафо Нуров,
Лейтенант