Бо мақсади таълим ва омӯзонидани аҳолии деҳаҳои дар минтақаҳои аз падидаҳои табиӣ хатарнок, кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон якҷо бо намояндагони ташкилоти байналмилалии Caritas Швейтсария бо ширкати 8 раиси ҷамоати деҳоти ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон машқҳои амалӣ ва вохӯриҳои таблиғотӣ гузаронданд.
Чунончӣ, дар мулоқотҳо дар ҷамоатҳои деҳоти Дӯстӣ, Сарипул, Сариҳавз, Механизатор, Халқаҷар, Сӯҳроб Муродов, Бохтариён ва Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон кормандони Раёсати КҲФ дар бораи минтақаҳои хатарнок, тарзи рафтор дар ҳолатҳои фавқулодда маълумот доданд ва инчунин ҷойҳои ниҳолшинониро ҷиҳати пешгирӣ аз ҳодисаҳои фавқулодаи табиро муайян намуданд.
Ҳамчунин ба раисони ҷамоатҳо харитаҳои минтақаҳои хатарнок, ки бо дастгирии созмони байналмилалии Caritas Швейтсария таҳия шудаанд, дода шуданд.
Ғайр аз ин, тибқи нақшаи таълимии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кушониён бо 23 корманди масъули мудофиаи шаҳрвандӣ, бо иштироки муовини раиси ноҳия Сафарзода Ш., ва сардори Раёсати Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Имомов Б. дар бинои ҳукумат дарсҳои омӯзишӣ гузаронида шуданд.