Сӯхтори кушанда як поси шаб хонаи як сокини 74-солаи ҷамоати Ориёнои ноҳияи Аштро ба коми худ кашид. Замоне буд, ки бошандагони хона дар хоб буданд. Алангаи оташ дар як лаҳза шаби торику сарди зимистонро рушан кард ва садои сӯхтани чӯбу тахтаҳо ҳамсоягонро аз хоб бедор намуд. Ба ҷои ҳодиса, Хадамоти оташнишонии ноҳияи Ашт сафарбар гардида сӯхтори ба амаломада ба пуррагӣ хомӯш карда шуд. Сабаби сар задани сӯхтор ин риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи бухорӣ (печка) гуфта шуд. Соҳиби хона, пирамарди 76-сола наҷот дода нашуд ва миёни алангаи оташ ба ҳалокат расид. Мақомоти дахлдор ҳам сабабҳои аслии сӯхтор ва ҳам ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунанд.