Сомонаи КҲФ муддати ин ду соли охири фаъолият бо дар баргирифтани доираи васеъи мавзӯъҳо ба як сомонаи хабариву маърифатӣ табдил ёфт. Вале кулли мавзӯъҳои баррасишаванда аз доираи ҳолатҳои фавқулода берун нестанд. Масалан, танҳо бахши “Илм ва фанноварӣ” ҳоло дорои 55 мақолаи пажӯҳишӣ дар мавриди ҳолатҳои фавқулода аст.
Соли гузашта мо бахши таърихро ҳам ворид кардем ва таҳти унвони “Гузашта ва имрӯз” матолиби таърихиро ҳам ҷой додем, то хонандагон аз ин сомона низ аз таърихи миллат, зҳабону фарҳанг ва шахсиятҳои таъхрихӣ матолиби хубу илмӣ бихонанд.
Мо як бахшеро ҳам ба Президент ихтисос додем ва бо номи “Бо Пешво” матлаберо аз фаъолиятҳои Пешвои миллат дарҷ мекунем ва хонандаро аз талошҳои Сарвари кишвар дар ҷараён мегузорем.
Авҷи КОВИД-19 низ моро водор кард бахши алоҳида дошта бошем ва ҳамарӯза тозатарин ахбори ҷаҳон дар мавриди коронавирус ва охирин пажӯҳишҳои илмиро ҳам интишор диҳем. Бахши “Коронавирус” ба ду забон ҳудудан 3505 мавод дорад, ки қисме илмӣ ва пажӯҳишианд.
Ва бахши “Маслиҳат дар фазои маҷозӣ” анъанаи солиёни пешро идома дод ва бо хонандагон будем, ба онҳо роҷеъ ба ин ё он ҳолаҳо маслиҳатҳо медодем. “Маслиҳат дар фазои маҷозӣ” дорои 85 матлаби машваративу маслиҳатӣ дорад.
Аз 1 январ то 21 декабри соли 2020 дар сомонаи КҲФ бо ду забон 1474 хабару мақолаву гузориш гузошта шуд, ки назар ба соли 2019 454 мавод зиёд мебошад. Ба ҳисоби миёна ҳар моҳ дар сомонаи Кумита 122,8 маводи нав гузошта мешуд.
Аз 1 январ то 21 декабри соли равон ба сомонаи 252 ҳазору 078 нафар ворид шуданд, ки дар қиёс ба як соли пеш 110 ҳзазору 010 нафар зиёд буд. Ҳар моҳ ба ҳисоби миёна мо бештар аз 22 ҳазор бинанда доштем.
Қиёси вуруди хонада дар солҳо:
2016 - 22 ҳазору 391 н.
2017 - 74 ҳ 409 н.
2018 - 100 ҳ. 765 н.
2019 (то 23 декабр) - 142 ҳ. 068 н.
2020 (то 21 декабр) 252 ҳазору 078
*** *** ***
Вуруди зиёд ба сомона гувоҳи он аст, ки заҳмату талошҳои мо беҳуда нестанд. Ва боз ин агар аз сӯйе боиси ифтихор бошад, аз ҷониби дигар масъулият аст. Зарур аст дар соли нави 2021 ин талошҳо дучанд шаванд, то ба боварии хонанда боз ҳам сазовор бимонем.
Таҳлил нишон дод, ки бахши “Илм ва фанноварӣ” хонадагони бештар дорад. Боиси хушист, ки одамон ба пажӯҳишҳои илмӣ ҳам таваҷуҳ мекунанд. Ва тасмим гирифтем имсол ин бахшро боз ҳам тақвият диҳед ва матолиби хубу ҷолибро бештар интишор диҳем.
Соли гузашта гӯшаи Қиссаҳои ҷуғрофӣ хонандагони бештароро ҷалб намуд. Ин қиссаҳо дар моҳи январи соли равон ба анҷом мерасанд ва ба дунболи он Фоҷеаҳои билогӣ ва дигар рӯйдодҳои фоҷеабореро пайгирӣ хоҳем кард, ки бо дасти инсон анҷом шудаву ба табиат аз он зарари ҷуброннопазир расидааст.
Як мавзӯъи ҷиддӣ ҳамоно пайгирии вабои сол Коронавирус КОВИД-19 хоҳад буд. Ҳарчанд ин беморӣ гилеми худро батадриҷ аз кишвари мо ҷамъ мекунад, вале набояд бепарво буд. Бояд чун қабл чораҳои бехатариву беҳдоштиро риоя кард.
Соли гузашта иртиботи мо бо хонандагон хубтар буд, бахусус дар фазои маҷозӣ бо ҳам дар алоқа будем. Чандин назари хубу қобили қабулро пазируфтем ва дар таҳияи матолиб аз маслиҳати хонандагон кор гирнифтем.
Ҳамзамон дар чанд маврид эроди корбаронро ба роҳбарият расондем ва бо вокуниши фаврӣ чанд камбудӣ ҳам ислоҳ шуд.
Имсол низ аз хонандагони худ ҳамин иртиботро хоҳонем. Аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва ё мустақим бо суроғаи savol@khf.tj бевосита ба мо муроҷиат намоед. Кулли назарҳо омӯхта мешаванд ва ҳаргиз бепосух ҳам намемонанд.
savol@khf.tj ин пустаи элкетронӣ аст, ки суолҳову дархостҳо ба номи Раиси Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода ирсол ва аз номи масъулини бахшҳо посухаш ба дархосткунанда хоҳад расид.
Дар ин бора гуфтаниҳо зиёданд, вале суханро мухтасар кардем, то вақти шуморо нагирем. Дар охир ба хонандагони сомона барои ҳузури гармашон ва изҳори назарҳои некашон сипос мегӯед.
Ҳамчунин ба ҳамкоронамон аз Дастгоҳи марказӣ ва Раёсатҳои минтақавӣ, ки тӯли сол моро бо хабарҳои нав таъмин мекарданду дар инъикоси фаъолияти Кумита саҳми шоиста доштанд, изҳори миннатдорӣ мекунем.
Мо интизори ҳамкорӣ бо Шумо, хонандагону корбарони азизем!