Мулоқот бо сарбозони Қисми ҳарбӣ ва аёдати собиқадорон дар остонаи Соли нави милодӣ

Дар арафаи Соли нави мелодӣ роҳбарияти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо сарварии полковник Додиён Баҳром Одина сарбозону афсарони қисми низомии Кумита воқеъ дар вилояти Суғдро ба фарорасии Соли нав муборакбод карданд. Полковник Додиён Баҳром Одина табрикоти Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода, Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати фарорасии соли нави мелодӣ ба самъи ҳайати шахсии қисми низомӣ расонид.

Сипас ба онҳо тӯҳфаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тақдим намуда, суҳбати самимӣ анҷом дод. Зимни аёдат иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мунтазам дастгирӣ намуда, барои сарбозону афсарон тамоми шарту шароити мусоиди замонавӣ фароҳам овардааст. Ҳар яки мо бояд, ҷавобан ба ғамхории ҳамаҷонибаи Ҳукумати мамлакат софдилонаву содиқона хизмат намоем. Ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, барои осоиштагии кишвари азизамон ҳамеша кӯшиш намоем.

Инчунин дар нимаи дуввуми рӯз роҳбарият ва шӯрои занони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ба аёдати собиқадорони Кумита Любов Федулова ва Олга Стрибук рафтанд.

Зимни аёдат аз рӯзгори бознишастагии онҳо пурсон шуданд. Онҳоро ба муносибати Соли нав муборакбод карданд ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаро супурданд.  

 

Шаҳзодахон Бутаева
лейтенанти калон