Охири моҳи октябр гурӯҳи коршиносони Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ аз ҳисоби кормандони Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КҲФ бо лоиҳаҳои амалишаванда оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар минтақаҳои Рӯдакӣ ва Файзобод шинос шуданд. Ин лоиҳаҳо бо дастгирии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид ва Агентии Оғохон оид ба Муҳалли зист бо дастгирии молиявии Идораи Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ амалӣ карда шуданд.
Ҳадафи сафари гурӯҳи коршиносон баланд бардоштани дониш ва таҷрибаи иштирокчиён оид ба идоракунии хавфи офатҳои табиӣ ҳангоми омадани сел буд.
Бояд гуфт, ки охири соли 2018 тибқи як тарҳи Барномаи Рушди СММ дар сойҳои Садоқат ва Гулободи ҷамоати Зайналободи ноҳияи Рӯдакӣ иншоотҳои муҳофизат аз сел сохта шуда буданд.
Ҳамчунин гурӯҳи коршиносон бо ҷараёни татбиқи лоиҳаи Барномаи Рушди СММ оид ба таҳкими нишебиҳои замин бо роҳи шинондани дарахтон ва таҳкими пулҳои маҳаллӣ дар ҷамоати Ҷавонони ноҳияи Файзобод шинос шуданд.
Дар деҳаҳои Сурхдара ва Кенҷаободи ҷамоати Д.Алиеви ноҳияи Файзобод гурӯҳ бо ҷараёни татбиқи лоиҳаи бунёди паногоҳ барои зарардидагон дар офатҳои табиӣ ва иншооти обкашӣ барои таъмин бо оби ошомиданӣ, корҳои соҳилбандӣ дар сойи Сурхдара, бунёди захираҳо барои ҳолатҳои фавқулоддаи эҳтимолӣ, омода намудани наҷотбахшон аз ҷониби Агентии Оғохон оид ба Маҳалли зист шинос шуд.
Дар поёни ин диду боздиди омӯзишӣ, гурӯҳи коршиносон ба сохторҳои маҳаллӣ барои истифодаи минбаъдаи иншооти муҳофизат аз сел ва таҳкими нишебҳо тавсияҳо дод.