Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда маросими савгандёдкунии Президенти кишварро тамошо карданд. Кормандони Кумита дар гузашти низомӣ ширкат доштанд

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар тамоми воҳидҳои минтақавии он тамошои дастаҷамъонаи маросими савгандёдкунии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва гузашти низомӣ ташкил карда шуд.

Маросими савгандёдкунӣ аз Қасри Миллат оғоз ёфт, ки дар он роҳбари Кумитаи марказии интихобот Бахтиёр Худоёрзода шаҳодатномаи Президентро ба Сарвари давлат супурд ва Раиси Суди конститутсионӣ Абдулҳафиз Ашӯрзода ба Президенти тозаинтихобшуда нишони президентӣ ва штандарти шахсӣ тақдим кард.

Маросим дар толори “Кохи Сомон” идома ёфт ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон савганди садоқат ёд карданд.  

Ғайр аз ин, дар майдони асосии кишвар - "Дӯстӣ" ба ифтихори савгандёдкунии Президенти кишвар гузашти низомӣ баргузор гардид. Дар баробари гарнизони ҳарбии Душанбе, дастаи низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти кишвар савганди садоқат ёд карданд.

150 нафар кормандони КҲФ бо роҳбарии афсарони ботаҷрибаи Кумита, ки якчанд даҳсолаҳо дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон кор кардаанд, дар ин гузашти тантанавии низомӣ ширкат намуданд. 

Дар гузашти низомӣ кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда як либоси бо аскелбантҳои абрешими тиллоӣ ва камарбанд оро додашударо намоиш доданд, ки бо дастпӯшҳо ва медалҳои сафед мукаммал карда шуданд.

барчасп: