Баргузории машқи фармондеҳӣ- ситодии мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Ашт

Дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд машқи фармондеҳӣ-ситодии мудофиаи гражданӣ таҳти унвони «Амали ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳои зернизомҳои ҳудудии Низоми ягонаи ноҳия ҳангоми боридани боронҳои пай дар пай ва омадани сел» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Ҷамшед Маҳмудзода - муовини Раиси ноҳия, майор Диловар Ҳамдамов сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар ноҳияи Ашт, сардорони хадамотҳои мудофиаи граждании ноҳия ва аъзоёни комиссияҳои дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таъсис дода шуда иштирок доштанд.

Дар рафти таҳлили гузаронидани машқ майор Диловар Ҳамдамов суханронӣ кард ва гуфт, ки иштирокчиёни машқи фармондеҳӣ-ситодии мудофиаи гражданӣ нисбати иҷроиши пайдарҳамии масъалаҳои таълимӣ амал намуда, кӯшиш карданд, ки вазифаҳои дар назди худ гузошташударо бо муваффақияту босифат бо истифодаи тамоми имкониятҳои хадамот ва маҳал иҷро намоянд.

Ёдовар мешавем, ки бинобар сабаби паҳн гардидани беморииӣ Covid-19 машқҳо мавқуф гузошта шуда буданд. Бо дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.08.2020   барои баргузории ин тамринҳо иҷозат дода шуд.

Шаҳзодахон Бутаева