Дар доираи татбиқи минбаъдаи барномаи ҳамкориҳои дуҷониба оид ба омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳоди Аврупо ва Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе, инчунин бо мақсади беҳтар намудани таълим ва бозомӯзии наҷотдиҳандагон, марҳилаи дуюми давраи омӯзишӣ барои воҳидҳои наҷоти Кумита дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии КҲФ оғоз гардид. Дар ин дарсҳо 16 нафар наҷотбахшон аз тамоми минтақаҳои кишвар ширкат меварзанд. Марҳилаи аввали омӯзиш моҳи сентябри соли ҷорӣ баргузор шуда буд.
Дар маросими ифтитоҳи дарсҳо Раиси Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода, Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ҷаноби Валериу Кивери ва Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хонум Мерилин Йосефсон ширкат варзиданд.
Раиси КҲФ маросимро ифтитоҳ намуда, ба шарикон барои дастгирии онҳо дар бозомӯзии наҷотбахшон изҳори миннатдорӣ намуд ва таъкид кард, ки ин давраи омӯзишӣ малакаҳои ибтидоии онҳоро такмил хоҳад дод ва он дар корҳои наҷоти ҷони одамон аз хатарҳо таъсири мустаб хоҳад расонд. Вай инчунин аз ширкаткунандагон хост бештар ба машқҳои амалӣ таваҷҷуҳ кунанд. "Махсусан такмили малакаҳои бадастомадаи дарсҳои гузашта дар амал зарур аст, зеро ҳаёти инсон аз касбияти мо вобаста мебошад", - қайд кард роҳбари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда.
Сафири САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Кивер дар суханронии худ ба ин таҳкими ҳамкориҳои мутақобила бо КҲФ ишора кард ва гуфт САҲА барномаҳои зиёди муштаракеро дар самти таҳкими зарфиятҳои идораи наҷоти кишвар роҳандозӣ хоҳад кард.
Муддати ҳудудан як моҳ наҷотдиҳандагони Кумита бо ширкат дар ин дарсҳои омӯзишӣ малакаҳои назариявӣ ва амалии худро дар роҳандозиии амалиётҳои садамавиву наҷот такмил хоҳанд дод. Ин дарсҳо аз ҷониби устодони касбии ҳам Кумита ва ҳам аз дигар идораҳои кишвар гузаронида мешавад. Омӯзиш бо назардошти риояи тамоми меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ баргузор хоҳад шуд.
Ҳадафи ин давраи омӯзишӣ ошноӣ ва такмил додани иҷрои корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷот дар ҳолати офати табиӣ мебошад. Чунин шакли дарсҳо ба насли ҷавон имкон медиҳад, ки таҷрибаи бебаҳои гузаштагони худро хубтар донад ва бағоҷи малака ва дониши худро пур кунад.