Субҳи имрӯз, 26 октябри соли 2020 тахминан соати 08:10 дақиқа дар қаламрави кишвар зилзила ба қайд гирифта шуд. Бино ба иттилои маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон маркази заминларза 239 километр шимолу шарқи Душанбе, дар ҳудуди минтақаи Рашт ноҳияи Лахш буда, қувваи заминларза дар маркази он 5 балл ва дар ноҳияи Лахш 3-4 баллро ташкил дод.
Дар ин заминларза хушбахтона хисороту талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.