21 октябри соли 2020 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо роҳбари нави Намояндагии Байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон хонум Анжелика Шопп ва роҳбари ваколатдори Салиби Сурх дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Клаудия Аззолини мулоқот кард.
Дар оғози мулоқот, хонум Аззолини ба роҳбарияти КҲФ барои кори пурсамар ва ҳамкории самарабахш дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ изҳори миннатдорӣ намуда, ба корҳои ояндаи идораи наҷоти кишвар комёбиҳо орзу кард.
Роҳбари КҲФ ба хонум Шопп дар бораи фаъолияти Кумита ва сохторҳои таркибии он иттилоъ дод, аз сатҳи муносибатҳои дуҷониба бо КБСС изҳори қаноатмандӣ намуд ва истифодаи васеи имкониятҳо барои ҳамкорӣ қайд таъкид намуд. Сарвари КҲФ ба Салиби Сурхи Байналмилал барои ҳамкориҳо дар пешгирӣ аз густариши коронавирус дар қаламрави Тоҷикистон изҳори сипос намуд.
Дар навбати худ, Анжелика Шопп барои пазироии самимона ва ҳамкории фаъол изҳори миннатдорӣ кард. Вай қайд намуд, ки дар Тоҷикистон чорабиниҳои муҳим дар соҳаҳои идоракунии хатари офатҳои табиӣ, пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ва рафъи оқибатҳои онҳо роҳандозӣ мешаванд.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои омӯзиши кормандони воҳидҳои наҷоти Кумита ва ҳамкории минтақавиро баррасӣ карданд. Инчунин, онҳо нақшаҳои амалиёти муштарак оид ба огоҳкунии барвақтии аҳолӣ, пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ва иҷрои санадҳои муштараки имзошударо мавриди баррасӣ қарор доданд.