Маъюбон, афроде ки дорои имкониятҳои маҳдуд мебошанд, ниёз ба сарпарастиву таваҷҷуҳ доранд. Онҳо низ чун дигар афроди ҷомеа мехоҳанд дар ҳар гуна тадорукот ширкат дошта бошанд, донишу ҳунару маҳорати худро нишон диҳанд. Аз ин завқ баланд, шодӣ кунанд ва худро узви комилҳуқуқи ҳамин ҷомеа донанд. Дар миёни онҳо низ шахсони ҳунарманду донишманд ва ошиқони ҳунару варзиш зиёданд. Хушо ба ҳоли онҳое, ки эҳсоси ботинии ин афродро дарк мекунанд ва барои дилхӯшии талош мекунанд.
19 октябри соли 2020 бо мақсади татбиқи Нақшаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди роҳандозии чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ, бо дастгирии молиявии Барномаи Озуқавории Ҷаҳонии СММ, барои кӯдакон ва наврасони маъюби Созмони ҷамъиятии “Ирода” чорабинӣ баргузор гардид.
Ин чорабинии иттилоотӣ ва фароғатӣ "Мо ҷонибдори ҳаёти бехатар дар рӯи замин ҳастем" ном дошт. Дар он 21 нафар хонандагон ширкат варзиданд.
Дар ҷараёни чорабинӣ мусобиқаҳои гуногун, варзиш, рақси варзишӣ ва ғайра баргузор шуданд. Дар фосилаи байни мусобиқаҳо, кӯдакон барномаҳои мусиқии навозиш бо асбобҳои мусиқӣ, аз ҷумла таблак, иҷрои таронаи умумӣ, ки асосан писарон ширкат карданд ва ғайраро иҷро карданд.
Кӯдакон аз ӯҳдаи иҷрои вазифаҳо бо завқ мебаромаданд, маҳорати худро нишон медоданд ва бо як ҷаҳон шӯру шавқ саргарми иҷрои барномаҳои худ мешуданд.
Дар охири чорабинӣ ҳамаи иштирокчиён бо диплом ва тӯҳфаҳои созмондиҳандагон қадрдонӣ шуданд.