Сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар онлайн-конфронси осиёии коҳиши хатари офатҳо дар Ҷопон суханронӣ кард

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода дар назди иштирокчиёни Конфронси Осиё оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ки дар қароргоҳи Маркази коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар шаҳри Кобеи Ҷопон мегузарад, суханронӣ кард.

Гуфтанист, ки конфронси қаблӣ соли 2019 дар пойтахти Туркия шаҳри Анқара баргузор шуда буд ва тибқи қарори он мебоист ҳамоиши навбатӣ имсол дар шаҳри Душанбе мегузашт. Аммо ба сабаби пандемияи коронавирус  қарор шуд, ки ин чорабинӣ онлайн баргузор шавад.

Зимни суханронии худ сарвари КҲФ дар бораи натиҷаҳои бадастомада дар татбиқи афзалиятҳо ва вазифаҳои барномаи қолабии Сендай дар Тоҷикистон, аз ҷумла нақши ҳамоҳангсози Платформаи миллӣ дар ин самт, инчунин дар бораи системаи коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ки дар кишвари мо қабул шудааст, дар мавриди Барномаи тасдиқшудаи рушди Кумита барои солҳои 2018-2022, Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2018-2030 ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти коҳиши хатари офатҳо маълумот дод.

Ҳадафи асосии конфронс такмили ҳамкориҳои минтақавӣ дар мубориза бо офатҳои фаромарзӣ, масъалаҳои татбиқи барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ мебошад.

Иштирокчиёни конфронс мавзӯъҳои муҳимро аз қабили инфрасохтори тобовар ба офатҳои табиӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар коҳиши хатари офатҳо, ҷинсият (гендер) ва фарогирӣ, омодагӣ ва огоҳӣ ва афзоиши сармоягузориҳоро мавриди баҳсу баррасӣ қарор медиҳанд.

барчасп: