Дар идомаи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ, кормандони Раёсати байниноҳиявии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб барои хонандагони ду мактаби таҳсилоти миёнаи шаҳри Кӯлоб Рӯзи дарҳои боз гузарониданд.
Дари ин рӯз ба мактаббачагон дар бораи таърихи таъсиси КҲФ, фаъолиятҳои он маълумоти муфассал доданд ва техникаи махсуси наҷот ва воситаҳои техникии имдодро барояшон намоиш доданд.
Ба худи бачаҳо имкон дода шуд, ки баъзе намудҳои техникаи наҷот ва имдодрасониро санҷанд. Кормандони шуъба ба суолҳои зиёди хонандагон дар мавриди ҳодисаҳои фавқулодаи табииву техногенӣ посух доданд.
Дида мешуд, ки хонандагон аз ин диду боздид хеле шод буданд. Онҳо дар бораи имдодрасонҳо шунидаву аммо надида буданд. Ҳоло тасаввуроти комилтаре аз рафту ҷараёни роҳандозии корҳои наҷот ҳосил карданд.
Бовар намуданд, ки наҷотбахшон метавонанд бо истифода аз техникае, ки дар ихтиёр доранд, дар лаҳзаҳои муҳим ба ёрии сокинон сари вақт шитобанд.