Тамрини тактикӣ дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб. Коҳиши хатари сел барои 30 хонаводаи ин минтақа

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ки бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд, ҳамоно идома доранд.

Чунончӣ, рӯзе қабл дар деҳаи Гулбоғ-1-и ҷамоати Чорбоғи ноҳияи Варзоб, бо ҷалби нерӯ ва воситаҳои зерсистемаи минтақавии Системаи ягонаи пешгирӣ ва вокуниши минтақаи Варзоб, ки ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ равона карда шудааст, машқҳои махсуси тактикии берун аз нақша баргузор шуд.

Дар ин деҳа беш аз 30 хонавода зери хатари сел қарор доштанд.

Барои гузаронидани машқҳои тактикӣ ва махсус аз ҳисоби захираҳои Кумита 300 литр сӯзишвории дизелӣ ҷудо карда шуд.

Барои тоза кардани се роҳи селомад, ки 442 метр дарозӣ дорад, корҳои заминковӣ анҷом дода шуданд ва хавфи хатар барои ин хонаводаҳо коҳиш ёфт.

барчасп: