16 октябри соли 2020, дар доираи таҷлили Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯъи "Таъмини амнияти сайёҳон дар замони пандемияи COVID-19" барои ширкатҳои сайёҳие, ки дар қаламрави кишвар фаъолият мекунанд, баргузор шуд.
Ҷонишини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хабибулло Амирбекзода ва муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ Салимзода М.дар назди ширкаткунандагон суханронӣ карданд.
Дар семинар, намояндагони КҲФ, Кумитаи сайёҳӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ тартиби гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷот дар ҳолатҳои фавқулодда, тартиби вуруди сайёҳон ба минтақаи кӯли Сарезро баррасӣ карданд, дар мавриди иқдомоти зарурӣ барои барқарор кардани соҳибкорӣ пас аз офати табиӣ бо таваҷҷӯҳ ба ҳамагирии COVID-19 ибрози назар намуданд, ҳамчунин консепсия ва амалияи тарҳрезии муттасилии рушди туризмро муҳокима карданд.
Семинар бо имзои Созишномаи ҳамкорӣ байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, Кумитаи сайёҳӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ оид ба пешгирӣ ва бехатарии сайёҳон ҳангоми сафар ба поён расид.
Чорабинии мазкур бо дастгирии Барномаи Рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ баргузор гардид.