15 октябри соли 2020, дар доираи нақшаи тасдиқшудаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гаржаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ, дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумита бо иштироки хонандагони ду муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе чорабинии варзишӣ баргузор гардид.
Полковник Ҷамшед Камолов, сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар назди иштирокдорон суханронӣ намуд ва дар бораи таърихи қабули ин рӯз, фаъолияти КҲФ ва аҳамияти риояи қоидаҳои бехатарӣ дар ҳама ҳолатҳои ҳаёт маълумот дод.
Инчунин, бо хонандагон дар бораи чораҳои муҳофизат аз коронавирус сӯҳбат гузаронида шуд.
Сипас, иштирокчиён бо қоидаҳо ва талаботи чорабинии варзишӣ шинос шуданд. Мебоист онҳо аз пайроҳаи пурмонеа, панҷараи мувозӣ мегузаштанд, айвонро убур мекарданд, “ҷабрдидагон”-ро бо занбарҳо интиқол медоданд, дар маҳалли дур аз офат хайма мезаданд, сарлулибоси махсус, ниқобҳои ҳифозатиро дар фурсати муайянкардашуда мепӯшиданд.
Дар ҷараёни ин чорабинӣ бачаҳо чолокӣ, тобоварӣ, омодагии хуби ҷисмонӣ ва қобилияти кор дар гурӯҳро нишон доданд. Ва муҳимтар аз ҳама, аз ин таҷриба онҳо дар бораи кори наҷотбахшон маълумот гирифтанд ва амалан онро иҷро намуданд. Дар суҳбатҳо бисёри онҳо изҳор доштанд, ки оянда мехоҳанд аз ҷумлаи имдодгарон бошанд, то дар соатҳои мушкилу мусибатҳо барои наҷоти ҷони одамон саҳм гузоранд.
Дар поёни мусобиқот ширкаткунандагон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.