Субҳи имрӯз, 17 октябри соли 2020 аз сирояти 39 миллиону 593 ҳазору 885 нафар ба коронгавирус дар олам хабар дода шуд. Аз ин беморӣ то кунун дар кулли кишварҳо 1 миллиону 109 ҳазору 249 нафар ҷон бохтаанд. Муолиҷашудагон 29 миллиону 661 ҳазору 122 нафар гуфта шудааст. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки шумори мубталоён ба коронавирус дар кишвар ба 10414 нафар расида, то кунун 9393 нафари онҳо пурра шифо ёфтаанд. Аз КОВИД-19 дар Тоҷикистон 80 нафар ҷони худро аз даст додаанд.
Шумори сироятёфтагон ба коронавируси нав дар ИМА аз 8 миллион гузашт.
Ҳукумати Британияи Кабир омода аст барои ташдиди мубориза бо коронавирус “тадбирҳои маҳдудкунандаи сахтгирона” эълон кунад.
Аз нимишаби гузашта, ҷумъа, дар калонтарин шаҳрҳои Фаронса – Порис, Лион, Лилл, Раун ва ғайра қуюди шабгардӣ ба иҷро даромад. Ҳоло наздик ба 22 миллион нафар сокинони ин шаҳрҳо шомили маҳдудиятҳои ҷадиданд. Аз соати 21 то 06 субҳ гаштугузор дар кӯчаҳо билкул манъ аст. Вайронкунандагони ин низом 135 евро ҷарима мешаванд ва агар ин амал дубора такрор шавад, шаш моҳ зиндон ва 3750 евро ҷарима хоҳанд шуд.
Белгия низ тасмим гирифт аз 19 октябри соли равон қуюди шабгардӣ эълон кунад. Қарор аст гаштугузори сокинон аз соати 00:00 то 05:00 манмӯъ шавад. Ҳамзамон бо ин кори фосилавӣ аз 19 октябр ҳатмӣ мешавад, ба истиснои корхонаву муассиса ва маҳалҳое, ки ин имконнопазир аст.
Ҳукумати Шри-Ланка рӯзи панҷшанбе рафтан ба кинотеатрҳоро то 31 октябр манъ кард.
Дар Лаҳистон шабонарӯзи гузашта маргумир аз Covid-19 ба ҳадди рекордӣ расид. Бори аввал дар 24 соати охир дар ин кишвар аз коронавирус 132 нафар фавтиданд.
Хорватия сеюмин рӯз аст, ки мубталоёни зиёдро ба қайд мегирад.
Шабонарӯзи гузашта дар ҳамаи минтақаҳои Русия 15 ҳазору 150 мавриди нави сироят ба COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Ин аввалин оморест, ки беш аз 15 ҳазор сироятшудаи нав дар 24 соатро нишон медиҳад ва афзоиш 1,1 дарсадро ташкил додааст.
Аз ҳама бештар дар шаҳрҳои Москав (5049, рӯзе қабл 3942 буд), Санкт-Петербург (647) ва Подмосковйе (448) сироят шудаанд. Таътили мактабҳо рӯзи 18 октябр ба анҷом мерасад, вале тасмим гирифта шудааст, ки хонандагони синфҳои болои ба таҳсили фосилавӣ фаро гирифт ахоҳанд шуд.
Дар Қирғизистон шабонарӯзи гузашта 431 ҳодисаи нави сироят ба КОВИД-19 сабт шудааст.