Идомаи таҷлили Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо дар кишвар

Дар қаламрави кишвар чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ идома доранд. Ҳадафи чорабинӣ баланд бардоштани фарҳанги рафтор ва амнияти мардум дар ҳолати таҳдид ва ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ, мусоидат ба кори наҷотбахшон ва чораҳои паст кардани хатари офатҳои табиӣ мебошад.

Чунончӣ, 14 октябри соли 2020 дар ду мактаби шаҳри Турсунзода ва деҳаи Занкони ҷамоати деҳоти Ҷиргитали ноҳияи Ляхш, дар доираи чорабиниҳо оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ чорабиниҳо гузаронида шуданд. Дар ҷараёни он, ки аз ҷониби кормандони КҲФ дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ роҳандозӣ шуд, иштирокдорон амалҳо дар самти офатҳои табиӣ, интиқоли қурбониён, расонидани ёрии аввалияро намоиш доданд.

Ғайр аз ин, намоиши расмҳои мактаббачагон дар мавзӯи пешгирӣ аз офатҳои табиӣ баргузор гардид. Муаллифони расмҳои беҳтарин бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

барчасп: