Рӯзи дарҳои боз дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии КҲФ

14 октябри соли 2020 дар доираи таҷлили Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии КҲФ, кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор карданд. Дар ин чорабинӣ 50 нафар хонандагони ду мактаби таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе ширкат намуданд.

Ба бачаҳо дар бораи фаъолияти КҲФ маълумоти муфассал дода шуда, техникаи махсус ва дастгоҳҳои наҷоте, ки ҳангоми роҳандозии корҳои садамавиву наҷот ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода истифода мешаванд, таҷҳизот ва воситаҳои расонидани ёрии фаврии тиббӣ, мошини “Ёрии таъҷилӣ”-и КҲФ амалан нишон дода шуданд. 

Дар ин чорабинӣ ҳамчунин наҷотдиҳандагон амалан чандин амалиёти наҷоти зарардидагонро нишон доданд. 

Инчунин, кӯдакон бо намоишгоҳи расмҳо ва амсилаҳои марбут ба ҳолатҳои фавқулодда шинос шуданд.

барчасп: