Дар назди Боғи фарҳангиву фароғати Камоли Хуҷандии вилояти Суғд бахшида ба рӯзи байналмилалии коҳиши хавфи офатҳои табиӣ дар доираи лоиҳаи “Амал дар асоси вокуниш” чорабинии таблиғотӣ гузаронида шуд.
Дар чорабинии мазкур намояндаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Умедалӣ Сайдалиев, сардорону афсарони шӯъба ва бахшҳои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд, 40 нафар ихтиёриёни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд ширкат намуданд.
Ҳамасола дар кишвар санаи 13-уми октябр рӯзи байналмилалии коҳиши офатҳои табиӣ қайд гирифта мешавад.
Лоиҳаи “Амал дар асоси вокуниш” бо дастгирии ҷамъияти Салиби Сурхи Олмон ва маблағгузории бонки Олмони Дойчбанк амалӣ мешавад.
Лоиҳаи мазкур моҳи марти соли 2015 дар конфронси сеюми умумиҷаҳонии СММ оид ба коҳиши хавфи офтаҳои табиӣ дар Ҷопон қабул шудааст.
Дар рафти чорабинӣ масъулин оид ба рӯзи байналмилалии коҳиши офатҳои табиӣ, чорабиниҳое, ки дар кишвар дар ин самт ташкил ва гузаронида мешаванд ба иштирокдорон маълумот доданд.
Инчунин расонидани ёрии аввалини то тиббӣ ба зарардида, худнаҷотдиҳӣ ва наҷот додани атрофиён амалиётҳо нишон дода шуданд. Ихтиёриён варақаҳои иттилоотӣ тақсим карданд.
Дар варақаҳои иттилоотӣ оид ба чӣ тавр огоҳ ва пешгирӣ кардани аҳолӣ ҳангоми сар задани офатҳои табиӣ, расонидани ёрии аввалини то тиббӣ ба зарардида маълумотҳо пешниҳод карда шудааст.
Шаҳзода Бутаева