Баррасии Созишнома дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

8 октябри соли 2020 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зимни баррасии Созишнома Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  генерал-лейтенант Назарзода Р. ва  Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Шоҳмурод Рустам иброз намуданд, ки Созишномаи мазкур аз дебоча ва 18 модда иборат буда, бо мақсади ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, ки метавонад ба осудаҳолӣ ва таҳкими амнияти миллии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мусоидат намояд, инчунин арзёбии таҷрибаи мусбати чандинсолаи ҳамкориҳо дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ дар доираи амалисозии шартномаҳои бисёртарафа ва дутарафа, аз ҷумла тақозои зарурат ба амалҳои ҳамоҳангшудаи тарафҳо ба имзо расида шуд.

барчасп: