Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҷаласаи сайёри Шӯрои занон баргузор гардид, ки дар он кормандони ҳам Раёсат ва ҳам тамоми шӯъбаҳои ноҳияҳо ва шаҳрҳои вилояти Хатлон ширкат варзиданд.
Дар ҷараёни мулоқот фаъолиятҳое, ки дар нӯҳ моҳи соли 2020 анҷом дода шудаанд, баррасӣ шуданд, натиҷаҳои кор таҳлил ва вазифаҳое, ки бояд дар соли 2021 амалӣ карда шаванд, муқаррар карда шуданд.
Ҳисоботи роҳбарони Шӯрои занони Раёсат ва шӯъбаи байниминтақавии КҲФ дар минтақаи Кӯлоб шунида шуд, барои ислоҳи камбудиҳо тавсияҳо дода шуданд.
Оид ба иштирок дар чорабинии муҳими сиёсӣ - интихоботи президентии кишвар сухан ронда, занони хизматчии Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон якдилона изҳор доштанд, ки дар ин маъракаи сиёсӣ фаъолона ширкат хоҳанд кард. "Мо ба интихобот бо ҳам меравем ва овоз медиҳем", - гуфт майор Неъматуллозода, раиси Шӯрои занони Раёсат.
Мусаллам аст, ки муносибати боэътимод ва эҳтиромонаи корӣ дар фароҳам овардани фазои мусоиди иҷтимоию равонӣ дар Раёсат мусоидат мекунад ва он ба натиҷаҳои ниҳоии кор таъсири мусбат расонад.
Ин аст, ки дар ҷараёни мулоқот муколамаи ошкоро, созанда сурат гирифт ва дар он занон пешниҳодҳои худро барои беҳбуди кор иброз доштанд.
Шӯрои занони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда вазифадор шудааст, ки дар коллектив фазои мусоид фароҳам орад, сатҳи фарҳангии кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаро тавассути иҷрои ниёзҳои иҷтимоӣ ва маънавии онҳоро баланд бардорад.