Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд бо номзади илмҳои филологӣ, дотсент Абдуманнон Одинаев-муаллими факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мулоқот доир гардид.
Бо мақсади арҷгузорӣ, эҳтиром ва нигоҳ доштани забони модарӣ, дар сатҳи зарурӣ истиқбол гирифтани Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд бо номзади илмҳои филологӣ, дотсент Абдуманнон Одинаев -муаллими факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мулоқот баргузор гардид.
Сараввал муовини сардори Раёсат оиди корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ полковник Собирзода Ширинҷон Собир вохўриро ҳусни ифтитоҳ бахшид. Дар рафти суханронии худ оид ба пос доштани мақому манзалати забони тоҷикӣ сухан ронда, афзуд, ки донистани забони давлатӣ далели эҳтиром ба миллат, арзишҳои миллӣ ва таърихию фарҳангии хеш аст. Моро зарур аст, ки забони модарии худро дар баробари Модар ва Ватан аз муқаддасоти олӣ эътироф намуда, ин андешаро бо як ифтихори бузург аз миллати соҳибтамаддуни хеш дар зеҳни наслҳо низ парвариш диҳем ва бо ҳама зебоиву тавоноияш ба мерос гузорем.
Номзади илмҳои филологӣ, дотсент Абдуманнон Одинаев суханронӣ кард ва аввал атрофи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" чанд нуқраро баён сохта, зикр намуд, ки барои амалӣ сохтани муқаррароти қонуни мазкур, дар мамлакат Кумитаи забон ва истилоҳот таъсис гардидааст, ки дар он назорати иҷрои муқаррароти қонун, риояи меъёрҳои забони давлатӣ ва дар маҷмӯъ татбиқи сиёсати давлатии забон масъулияти бисёр муҳим дорад.
Инчунин яке аз тадбирҳои ҳадафмандонаи ҳукумати кишвар дар татбиқи сиёсати давлат дар бораи забон, таҳия ва пешниҳоди Барномаи стратегии рушди забони давлатӣ дар кишвар маҳсуб мешавад, ки он метавонад дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ин сиёсат барои солҳои тӯлонӣ ҳамчун дастури муҳим ва муҳим истифода шавад.
Дар поёни вохўрӣ муовини сардори Раёсат оиди корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ полковник Собирзода Ширинҷон Собир ба Абдуманнон Одинаев барои ин суҳбати пурмуҳтаво изҳори сипос кард.
Шаҳзодахон Бутаева, сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсат, лейтенанти калон