Субҳи имрӯз, 01 октябри соли 2020 ба навбатдори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе хабар расид, ки дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, хиёбани Рўдаки 172 дар ҳавзи таъминии шабонарўзии оби шаҳри Душанбе ҷасади як марди номаълум ёфт гардидааст.
Соатои 08:30 дақиқа Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсат ба ҷойи ҳодиса сафарбар карда шуда, соати 08:50 дақиқа ҷасадро бароварда ба мақомоти дахлдор супоридаанд.
Ӯ як марди ба тахмин 40-42 –сола буда, шахсияташ маълум нест. Ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуввият надошт.
*** *** ***
Тибқи маълумоти сардори шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Бадахшон дар ноҳияи Шуғнон сокини 71-солаи деҳаи Боғеви ҷамоати деҳоти Сучон Зайнилмо Чоршанбиева рӯзи 22 августи соли равон аз хона баромада бедарак шуда буд. Талоши пайвандон барои пайдо кардани хабар дар бораи пиразан бенатиҷа анҷом ёфта буд. Аммо ҷустуҷӯи вай ҳамарӯза идома дошт. Ҳадс зада мешуд, ки ин пиразан, ки ба гуфтаи пайвандонаш дучори бемории рӯҳӣ шуда буд, шояд дар дарёи Ғунд сарозер шуда бошд.
Баъд аз зӯҳри рӯзи 30-уми сентябри соли равон сокинон ҷасади ӯро поёнтари деҳа, дар лаби дарёи Ғунд пайдо ва ба соҳибонаш супурданд.
Ин пиразан оиладор ва соҳиби се фарзанд будааст. Ҷузъиёти бештаре аз сабаби марги ӯ маълум нест.
*** *** ***
Дар ноҳияи Рӯшон як ноболиғ даст ба худкушӣ задааст. Дар хабар омадааст, ки ӯ сокини маркази ноҳияи Рӯшон буда, дар синфи 9 таҳсил мекардааст. Ҳоло ҷузъиёти ин амали худкушӣ маълум нест. Аммо он чӣ маълум аст, ин аст ки номбурда дар маҳалли ба ҳам омадани дарёи Бартанг ва Панҷ худро ба дарё афкандааст.
Ҷустуҷӯи ҷасади ӯ то кунун бенатиҷа будааст.